Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Маҷлиси Миллии Тоҷикистон интихоб мешавад


Имрӯз, 25 март интихоботи Маҷлиси Миллӣ, маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон доир хоҳад шуд. Панҷнафарӣ аз 25 вакили Маҷлиси Миллӣ дар маҷолиси вилоёти Суғду Хатлону Бадахшон ва шаҳри Душанбе ва иҷлосияи муштараки навоҳии тобеъи марказ интихоб хоҳанд шуд. Феълан ба ин интихобот ҳамагӣ 27 номзад пешбарӣ шудааст, ки ҳама аз ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ намояндагӣ мекунанд ва аксар мансабдорони баландпояанд. 8 вакили дигари Маҷлиси Миллиро раисиҷумҳури Тоҷикистон таъйин мекунад. Раисиҷумҳури собиқ Қаҳҳор Маҳкамов вакили умрбоди Маҷлиси миллист.
XS
SM
MD
LG