Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 101 узви Ал-Қоида дар Арабистони Саудӣ


Вазорати умури дохилаи Арабистони Саудӣ мегӯяд, як ҳалқаи 101-нафарии шабакаи Ал-Қоидаро кашф ва хунсо кардааст. Вазорат мегӯяд, 47 узви ин ҳалқа атбоъи Саудӣ ва 51 тани дигараш аз кишварҳои хориҷие, чун Бангладеш, Эритрея, Сомалӣ ва Яман будаанд. Аммо ҳуввияти се узви боқимондаи ин шабака эълон нашудааст. Ба гуфтаи вазорати дохилаи Саудия, ин гурӯҳ ба анҷоми амалҳои террористӣ дар қаламрави ин мамлакат омодагӣ мегирифт.
XS
SM
MD
LG