Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори омодагии ҳизби исломӣ ба мусолиҳа бо Кобул


Ҳизби исломии Гулбуддини Ҳикматёр, яке аз бузургтарин гурӯҳҳои чирикӣ дар Афғонистон гуфтааст, агар Амрико барномаи аз соли оянда берун кашидани нирӯҳояш аз ин кишварро иҷро кунад, барои мусолиҳа ва хидмат кардан ба ҳайси як пул байни Кобул ва Толибон омода ҳаст.
Ин изҳороти намояндаи ҳизби исломӣ нахустин аломати мувофиқати эҳтимолии чирикиҳо бо ҷадвали замонии хуруҷи нирӯҳои хориҷист, ки раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар моҳи декабр эълом кард.
Аммо вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс фурсатро барои мусолиҳа бо раҳбарони аршади Толибон номувофиқ номида, гуфтааст, ба хотири ба қадри кофӣ заъиф сохтани ин гурӯҳ бояд фишори низомӣ низ ҳамчунон ба кор бурда шавад.
XS
SM
MD
LG