Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО: Саҳми Русия дар Афғонистон бояд бештар бошад


Паймони низомии НАТО мегӯяд, Русия метавонад бо тамрин додани маъмурони мубориза бо маводи мухаддир ва ироаи чархболҳо ба нирӯҳои ҳавоии Афғонистон дар талошҳои байналмилалӣ дар ин кишвари ҷангзада саҳми бештар бигирад.
Сухангӯи НАТО Ҷеймс Аппатураӣ дар пайи нишасти сатҳи сафирони Шӯрои Русияву НАТО гуфт, ин паймон нигаронии Русия аз фаъолияти нокофии нирӯҳои эътилоф ва давлати Афғонистон дар амри коҳиши майдонҳои кишти хашхошро, ки барои тавлиди ҳероин истифода мешавад, мефаҳмад.
Виктор Иванов, раҳбари ожонси мубориза бо маводи мухаддири Русия, дар ин нишаст дар бораи хатарҳои ношӣ аз тавлиди маводи мухаддири афғонӣ ба Русия, Осиёи Марказӣ ва Аврупо сӯҳбат кардааст.
XS
SM
MD
LG