Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 3 гумонбар ба қатли муҳоҷирон дар Маскав


Дар Маскав 3 нафар бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаҳо алайҳи муҳоҷирон аз Тоҷикистону Туркманистон боздошт шудаанд. Ба гуфтаи тафтишот, ин се ҷавоне, ки аз 25 то 27 сол доштаанд, тайи ду сол ба таври пайваста ба латукӯб ва ҳатто қатли муҳоҷирони хориҷӣ машғул будаанд. Мақомоти Русия ин афродро ба қатли ду муҳоҷир дар соли 2007 ва ҳамла алайҳи 4 хориҷии дигар дар соли 2008 муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG