Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед аз Исроил ташреҳ мехоҳад


Кохи Сафед мегӯяд, аз Исроил дар робита ба барномаи бунёди 20 манзили нав дар сарзаминҳои ишғолшудаи Байтулмуқаддаси шарқӣ ташреҳ мехоҳад. Вошингтон мегӯяд, ҳамчунон ба ин назар аст, ки барномаҳои сохтмонии Исроил дар Байтулмуқаддас барои раванди сулҳи Ховари Миёна созанда намебошад. Барномаи бунёди манозили нав дар пайи ду мулоқоти дирӯза ва ба таври ғайримаъмулӣ сарди раисиҷумҳури Амрико Барак Обама бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар Кохи Сафед эълон шуд. Бо ин ҳол, дафтари Нетаняҳу гуфтааст, ки Исроил бунёди манзилҳоро дар куллия қаламрави Байтулмуқаддас идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG