Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси Эрону Ховари Миёна дар миёни қудратҳо


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар як конфаронси видеоӣ бо раҳбарони Бритониёву Фаронса ва Олмон қадамҳои баъдӣ дар қиболи барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон ва сулҳи Ховари Миёнаро дар миён гузоштааст. Сухангӯи Кохи Сафед Роберт Гиббс гуфт, Обама бо муттаҳидини худ ҳамчунин масоили марбут ба бӯҳрони ҷаҳониро баҳс кардааст. Ин гуфтугӯ ҳамагӣ як рӯз баъд аз мулоқоти сахти Обама бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва ҳам дар ҳоле доир шуд, ки Амрико ҷӯёи пуштибонии байналмилалӣ аз эъмоли даври чоруми таҳримот алайҳи Эрон аст.
XS
SM
MD
LG