Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолони рус барои боқимондаҳои ҳастаӣ боздошт шуданд


Имрӯз дар назди сафорати Фаронса дар Маскав 5 нафар фаъолони Greenpeace ё ҳифзи муҳити зист боздошт шуданд. Онҳо бар зидди лангар андохтани киштии Фаронса дар бандари Санкт-Петербург дар Маскав тазоҳуроти эътирозӣ баргузор карданд. Ин киштӣ боқимондаҳои маводи ҳастаиро интиқол медодааст. Дар назди бинои консулгарии Фаронса дар Санкт-Петербург низ аъзои Greenpeace гирдиҳам омаданд. Онҳо дар даст чунин навиштаҳо доштанд: "Фаронса боқимондаҳои ҳастаиатро дар хоки худат гузор", "Русия амбори боқимондаҳо нест".
XS
SM
MD
LG