Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукойл аз чоҳи нафти Эрон хориҷ мешавад, сабаб чист?


Лукойл-ширкати нафтии Русия гуфт, ки аз як тарҳи нафтии Эрон канорагирӣ мекунад ва сабаби он ҳам таҳримҳои Амрико бар зидди Эрон будааст. Дар эъломияе Лукойл мегӯяд, дар натиҷаи таҳримҳои иқтисодии ҳукумати Амрико идомаи кор дар пружаи Анорон ғайриимкон шудааст ва аз он ҷо хориҷ шудааст. Пружаи Анорон аз 4 бахш иборат аст: Озар, Чангулаи ғарбӣ, Деҳлурон ва Мусиён. Дар ин чоҳҳо захираи нафт тақрибан 2 миллиард бушкаро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG