Пайвандҳои дастрасӣ

Прага маҳали имзои Аҳдномаи Амрикову Русия хоҳад буд


Имрӯз Амрико таъйид кард, ки Прага-пойтахти ҷумҳурии Чех маҳали имзои Аҳдномаи коҳиши аслиҳаи стротегӣ ё START баргузида шудааст. Ин Аҳдномаро Амрико ва Русия имзо мекунанд. Субҳи имрӯз вазорати корҳои хориҷаи Чех гуфт, ки ҳоло кишвараш розист, ки баъд аз такмили музокироти миёни Амрикову Русия мизбони имзои Аҳдномаи коҳиши аслиҳаи ҳастаӣ бошад. Ин ду кишвар талош доранд қабл аз оғози мулоқоти раҳбарони кишварҳои ҳастаӣ дар Вошингтон дар моҳи оянда ин Аҳдномаро имзо кунанд. Мӯҳлати Аҳдномаи қаблӣ моҳи декабри соли 2009 ба поён расида буд.
XS
SM
MD
LG