Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО-Русия тарёки Афғонистонро баррасӣ мекунанд


Имрӯз дар мулоқоти намояндагони Шӯрои НАТО-Русия масъалаи парвариши тарёк дар Афғонистон баррасӣ мешавад. Ин мулоқот дар Бруссел доир мегардад ва дар он аз ҷониби Русия Виктор Иванов-раиси Ожонси назорат бар маводи мухаддири Русия шират мекунад. Интизор меравад, ки вай дар бораи хатари маводи мухаддири Афғонистон ба Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Арврупо суханронӣ кунад. Рӯзи душанбе Виталий Чуркин-намояндаи Русия дар СММ аз фармондеҳони НАТО ва Амрико дар Афғонистон хост, ки талошҳои худро барои аз байн бурдани кишти тарёк идома диҳанд. Вай афзуд, тундравҳои Толибон аз тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир пул ба даст меоранд.
XS
SM
MD
LG