Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон ҳамкориҳояшро бо Амрико баррасӣ мекунад


Қарор аст, имрӯз дар Вошингтон мақомоти аршади ҳукумат ва низомиёни Покистон музокироти дурӯзаи худро оғоз кунанд. Шоҳмаҳмуд Қурейшӣ-вазири корҳои хориҷаи Покистон ва генерал Ашфақ Каёнӣ-раиси ситоди артиш ҳайати Покистонро дар музокирот бо Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико сарпарастӣ мекунанд. Филип Кровлӣ-ёвари вазири корҳои хориҷаи Амрико дар бораи ин музокирот дар Вошингтон ба рӯзноманигорон гуфт:

"Ин нишондиҳандаи аҳамият ва тавсеаи равобити миёни Амрикову Покистон аст. Мо, албатта, дар бораи амният гуфтугӯ мекунем. Вале он гуна, ки шумо мебинед, мо дар бораи бисёре аз масъалаҳои дигар низ сӯҳбат хоҳем кард".

Мақомоти Покистон мегӯянд, ки онҳо мехоҳанд дар бахши ҳамкориҳои ғайринизомии ҳастаӣ бо Амрико низ қарордоде аз қабили қарордод бо Ҳиндустон дошта бошанд. Дар гузашта Амрико аз мавриди интиқоли таҷҳизоти ҳастаии Покистон ба хориҷи кишвар изҳори нигаронӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG