Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу дар Кохи Сафед бо Обама мулоқот кард


Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил дар Кохи Сафед бо Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мулоқот анҷом дод. Мулоқот дар ҳоле сурат гирифт, ки ба сабаби нақшаҳои Исроил дар бораи сохтмони маҳаллоти яҳудинишин дар шарқи Байтулмуқаддас муносиботи Амрикову Исроил сард шудааст. Ба ҳамин сабаб, Барак Обама ва Бенямин Нетаняҳу барои аккосӣ ба назди рӯзноманигорон нарафтанд ва бо онҳо сӯҳбат накарданд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, Обама ва Нетаняҳу ду мулоқоти алоҳида анҷом додаанд ва ин ду мулоқот дар маҷмӯъ ду соат давом кардааст. Дар остонаи ин мулоқот Нетаняҳу гуфт, музокироти сулҳ бо Фаластин мумкин аст як соли дигар ба таъвиқ афтад, зеро Фаластин мехоҳад, ки сохтмони маҳаллоти яҳудинишин комилан боздошта шавад.
XS
SM
MD
LG