Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай аз Чин боздид мекунад


Имрӯз Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дар Пекин бо раҳбарони Чин музокироти худро дар бораи сармоягузорӣ дар Афғонистон ва таъмини оромӣ дар минтақа оғоз кард. Карзай дар Кохи Бузурги Мардумӣ дар Пекин бо Ҳу Ҷинтао-раиси ҷумҳури ин кишвар мулоқот анҷом дод. Дар ин мулоқот "масъалаҳои муҳими дорои аҳамияти минтақаӣ ва байналмиллалӣ" баррасӣ шуд. Интизор мерафт, ки дар ин дидор масъалаи амният дар минтақа ва сармоягузорӣ дар бахши маодани Афғонистон низ баррасӣ шавад. Дар ин боздид Карзайро вазирони корҳои хориҷа, дифоъ, маодан ва манобеи табиӣ, сармоягузорӣ ва раҳбарони 20 ширкати афғонӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG