Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ОПЕК дар сохтмони роҳ ба Тоҷикистон кӯмак мекунад


Бино ба хабарҳои матбуот, Бунёди рушди байналмиллалии кишварҳои содиркунандаи нафт барои сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб 13 миллион доллар қарз ихтисос медиҳад. Дар ин бора рӯзи сешанбе дар Вена мувофиқатнома ба имзо расид. Сафорати Тоҷикистон дар Вена хабар медиҳад, ки ин мувофиқатномаро аз ҷониби Тоҷикистон Шавкат Соҳибов-муовини вазири молия ва аз ҷониби бунёди мазкур Сулаймон Ҳарбиш-раиси кулли ин бунёд имзо кардаанд. Тибқи хабари сафора, дарозии ин роҳ 40 километрро ташкил медиҳад ва он қисматҳои марказиву ҷанубии Тоҷикистонро бо қисмати шарқӣ ва бо Чин васл мекунад. Дар сохтмони ин роҳ Бонки Исломии Рушд низ ёрӣ мерасонад.
XS
SM
MD
LG