Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз Инқилоби Лолаӣ дар Қирғизистон 5 сол гузашт


Имрӯз Қирғизистон 5-ӯмин солгарди Инқилоби Лолаии соли 2005-и худро ҷашн мегирад. Дар натиҷаи тазоҳуроти эътирозии густарда Аскар Оқоев аз қудрат барканор ва бо кӯмаки тазоҳуркунандагон Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури кунунӣ ба қудрат расид. Боқиев қавл дод, ки дар кишвар ислоҳоти сиёсӣ анҷом медиҳад ва бо ришвахорӣ мубориза мекунад. Аммо бо гузашти панҷ сол аз Инқилоби Лолаӣ мухолифони давлат худи Боқиевро ба ришвахориву худкомаӣ муттаҳам мекунанд, яъне ҳамон иттиҳомоте, ки Боқиев ба Аскар Оқоев баста буд. Рӯзи сешанбе дар шаҳрҳои Бишкек ва Ӯш ҷонибдорони мухолифон дар ҷарёни тазоҳуроти эътирозӣ боздошт шуданд. Онҳо анҷоми ислоҳот ва истеъфои Боқиевро тақозо мекарданд. Боздоштҳо замоне анҷом гирифт, ки Боқиев мегуфт, дар Қирғизистон бояд демократияи сабки ғарбӣ бозбинӣ шавад, то ки озодиҳои сиёсӣ дар ин кишвар аз маҷро хориҷ нашавад.
XS
SM
MD
LG