Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзи тоҷикӣ дар Русия


Ҷамъиятҳои тоҷикони Русия дар ҳамкорӣ бо сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар Наврӯзи соли 2010-ро ҳамроҳ дар шаҳри Ярославл ҷашн гирифтанд.

Ҳамчунин, дар Маскав низ як ҷашни дигари наврӯзӣ доир шуд. Дар Ярославл барномаи консертии намояндагони ҷамъиятҳои миллии ин қаламрав, намояндагони минтақаҳои дигари Русия, ҳунармандон аз Тоҷикистон, аз ҷумла гурўҳи «Ганҷина»-и Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷўраев меҳмононро интизор буд.

Ҳамчунин, мусобиқоти гуштигирӣ миёни паҳлавонони минтақаҳои гуногуни Русия ва низ дигар озмунҳои варзишиву фарҳангӣ гузаронида шуд. Намоишгоҳи асбобҳои миллии мусиқӣ, сару либоси миллии тоҷикона ва дигар дастовардҳои расму оинҳои тоҷикӣ низ доир гардид.

Шоҳини Самад, масъули дафтари матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Маскав, аксҳои нигористони зерро аз ҷашни наврӯзии тоҷикон дар Маскав ва Ярославл ба хонандагони Озодӣ фиристод.
XS
SM
MD
LG