Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯраҷонзода: «Маҷлиси миллӣ ҳадафҳоро амалӣ нагардонид»


25-уми март интихоботи вакилони Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон, доир мешавад. Маҷлисҳои вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон ва ҳамин тавр, маҷлиси шаҳри Душанбе, ҳар кадом, ба Маҷлиси миллӣ 5 вакилӣ пешниҳод мекунанд. Панҷ вакили дигари он дар иҷлосияи муштараки маҷлисҳои ноҳияҳои тобеъи марказ интихоб хоҳанд шуд. Ҳаққи таъйини 8 узви боқимондаи Маҷлиси миллӣ дар ихтиёри раисҷумҳур аст ва Қаҳҳор Маҳкамов ба ҳайси раҳбари собиқи Тоҷикистон ба таври умрбод вакили Маҷлиси миллӣ хоҳад монд. Эмомалӣ Раҳмон аллакай Сайдулло Хайруллоев, собиқ раиси порлумонро, узви Маҷлиси миллӣ таъин кард.

КМИР мегӯяд, барои 25 курсии интихобии Маҷлиси миллӣ 27 номзад пешбарӣ шудаанд, ки аксарияти кулл аъзои ҲХДТ ва аз ҳисоби руасои вилоёту шаҳру навоҳии кишвар будаанд.

Дар остонаи интихоботи Маҷлиси миллӣ дар маҳофил дигарбора нақш ва мақоми ин маҷлис дар сохтори парлумонии Тоҷикистонро доман мезананд. Бархе худи вуҷуди низоми думаҷлисии парлумонӣ дар Тоҷикистонро беҳуда медонанд ва мегӯянд, зарурати ҳифзи он дар шароити кунунӣ вуҷуд надорад.

Рӯҳонии саршинос ва узви ҳайати феълии Маҷлиси миллӣ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода яке аз онҳоест, ки аз таърихи таъсиси ин маҷлис ва ҳам аз ҷараёни кори он хуб огоҳ аст. Дар як сӯҳбати ихтисосӣ аз Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода нахуст пурсидам, ки таърихи таъсиси ММ дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон аз куҷо маншаъ гирифт ва ҳадафи аслии таъсиси он чӣ буд?

Тӯраҷонзода: - То рӯзҳои охири музокирот вақте масъала қабул мешуд, ҳайати ҳукумат мухолифи таъсиси Маҷлиси миллӣ буд. Ҳатто
Шояд баъзеҳо метарсанд, ки ҳукуматро аз даст медиҳанд ва дар оянда ба баъзе масъалаҳо ҷавоб медиҳанд. Гумон доштем, ки агар ҳамин тавр шавад, интиқоли қудрат осон меафтад.
баъди бозгашт ба Тоҷикистон маводи зиёде ҳам дар ин бора нашр кардем. Нисбат ба тағйироте, ки дар Сарқонун ворид карда будем, ҷониби ҳукумат мухолиф буд ва мегуфт, ки буҷа нест ва ғ. Ҳадафи асосии ягонаи мо ин буд, ки дар ММ бояд намояндагони минтақаҳо шомил бошанд, тариқи интихобот. Дуввум, мо мехостем, ки раисони ҷумҳур узви доимии ММ шаванд. Умед мекардем, ки баъди ду марҳилаи интихоботиашон руасои ҷумҳур ба ММ мераванд, ҳамчун оқсақол, «муйсафеди ботаҷриба» ва роҳи давлатдории моро дида, дар хидмати миллат фаъолияти онҳо идома меёбад. Хусусияти дахлнопазириашон то дами вафот боқӣ мемонад. Бо ин дахлнопазирӣ аз таъқибу ҳар гуна ҳолатҳо халос мешаванд. Шояд баъзеҳо метарсанд, ки ҳукуматро аз даст медиҳанд ва дар оянда ба баъзе масъалаҳо ҷавоб медиҳанд. Гумон доштем, ки агар ҳамин тавр шавад, интиқоли қудрат осон меафтад. Танҳо бо ҳамин ҳадафҳо мо пешниҳод кардем.

Озодӣ: - Ҳадафҳо чӣ шуданд, амалӣ шуданд ё на?

Тӯраҷонзода: - Якум, ин ки тариқи интихоботӣ нашуд. Яъне, аз тариқи минтақаҳо вакилҳои минтақавӣ интихоб мешавад, на аз тариқи
Ахлоқи ман намегузошт, ки ҳамчун намояндаи раисҷумҳур ба баъзе қонунҳо мухолиф овоз диҳам.
мардум. Ва аксарияти раисони ноҳияҳо узви он шуданд. Дуввум, ҳадафи дигарамон ҳам нашуд. Камбудии дигар ҳам аст. Ман як давра узви ММ аз руйхати раисҷумҳур будам. Бинобар ин, ахлоқи ман намегузошт, ки ҳамчун намояндаи раисҷумҳур ба баъзе қонунҳо мухолиф овоз диҳам. Агарчанде ба сифати талаботи баъзе қонунҳо, аз он ҷумла «Озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» норозигии хешро баён доштам. Дигар, он чи ки ҳукумат пешниҳод мекард ва азбаски мо ҳам «таъин» шуда будем, бо риояи ин мо ҳам қабул мекардем. Дуввум, дар сохтори ММ чӣ дохил карданд, ин дар лоиҳаи Комиссияи оштӣ омадааст. Он вақт ман узви КОМ набудам. ММ мисли Сенати Амрико ҳаққи ворид кардани тағийрот ба қонунҳоро надорад. Тибқи қонунҳои имрӯза ММ қонунро яклухт қабул мекунад ё яклухт мегардонад. Масалан, дар як боб ва ё банди қонун ҳуқуқи тағийрот ворид карданро надорад. Яклухт мегардонад ва пешниҳод мекунад, ки дар ин боб ва ё банд тағийрот дароварда шавад. Аммо дар ҳамин панҷ сол мо надидем, ки чунин кор шуда бошад, чизе ки меомад, қабул мешуд.

Озодӣ: - Пас барои фаъолияти Маҷлиси Миллӣ зарурат ҳаст?

Тӯраҷонзода: - Аслан гирем, Маҷлиси намояндагон ҳам зарурат надорад. Мешавад, ки дар назди президент як комиссия иборат аз
Умед мекунем, ки оҳиста–оҳиста ба рушди парламентаризм мерасем, ва бо ҳамин умед, ин фаъолият карда истодааст
ҳуқушиносонро таъсис дод ва ин комиссия лоиҳаи қонунҳоро аз дигар кишварҳо гирифта, каме ба Тоҷикистон мутобиқ карда ва бо имзои президент пахш кунад. Маблағи зиёд ҳам сарф намешавад. Вале, азбаски талаботи Қонуни асосӣ, давлатдорӣ ва ормонҳоест, ки ба сӯи ҷомеаи мардумсолорӣ рафта истодаем. Гумон мекунам, як риштаи муҳими давлатдориамон аст ва умед мекунем, ки оҳиста–оҳиста ба рушди парламентаризм мерасем, ва бо ҳамин умед, ин фаъолият карда истодааст. Вале дар шакле, ки ҳоло фаъолият дорад, зарураташро намебинам.
XS
SM
MD
LG