Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар шаҳри Душанбе


Як корманди Вазорати корҳои дохилӣ субҳи имрӯз, 24-уми март, ҳангоми таркиш дар мошинаш ҷон ба саломат бурд.

Cоати тақрибан ҳашти субҳ дар наздикии бозори Саховати шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Фирдавсӣ 27, таркиш ба вуқӯъ пайваст. Таркиш дар мошини тамғаи Жигулӣ-07-и корманди ВКД Сафаралӣ Ҳамдамов рух дод ва хушбахтона, ронандаи он осеб надид.

Дар мошини ин корманди ВКД маводи тарканда гузошта будаанд ва замоне, ки субҳ ҷаноби Ҳамдамов роҳии кор мешавад, ҳамагӣ пас аз чанд дақиқаи мошинронӣ бо шунидани садои баланди таркиш худро аз мошин берун мегирад.

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ироаи ҷузъиёти бештар дар бораи таркиши рухдода дар дохили мошини афсари ин ниҳод худдорӣ мекунанд. Як нафар аз навбатдории шӯъбаи фаврии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ҳанӯз иллати таркиш ва маводи инфиҷоршуда номаълум аст. Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир як ҳайат иборат аз кормандони ниҳодҳои амниятиву интизомӣ ва додситонӣ ҳамроҳ бо мутахассисини ташхисгар иллат ва сабаҳои ин таркишро таҳқиқ мекунанд.

Шоҳидони айнӣ нақл карданд, ки шиддати таркиши рухдода ба ҳадде баланд буд, ки бар асари он шишаҳои баъзе аз манозили маскунии атроф фурӯ рехтанд. Инфиҷор дар ҳолате рух додааст, ки ронандаи мошин вориди он шуда, муҳаррики онро ба кор даровардааст.

То кунун мақомоти интизомӣ кадом як фарзияеро дар бораи иттифоқоти мазкур баён надоштанд. Ҳамчунин номаълум аст, ки ин таркиш бо нияти сӯиқасд анҷом дода шудааст ва ё худрави мазкур кадом иллати фаннӣ доштааст. Аммо як манбаи огоҳ таъйид мекунад, ки мутахассисин мавҷудияти маводи мунфаҷира дар дохили ин мошинро тасдиқ кардаанд.

Шоҳидон мегӯянд, аз эҳтимол дур нест, ки ин кор аз сӯи кадом ҷинояткоре сурат гирифта бошад, ки аз ин афсари ВКД, ки тайи 15 соли ахир дар ин минтақа ба ҳайси нозири минтақавӣ фаъолият кардааст, қасос гирифтан мехост.

Ҳодисаи таркиш дар ин маҳалли шаҳр дар ҳоле сурат мегирад, ки дар ду соли қабл низ айнан дар ҳамин маҳалла дар дохили худрави мутааллиқ ба Раҷабалӣ Раҳмонов, фармондеҳи Горди миллии Тоҷикистон, чунин инфиҷор рух дода буд. Фарзияи дигари мардумӣ ин аст, ки шояд афроди ин корро анҷомдода, мошини корманди вазорати дохиларо бо мошини фармондеҳи Горди миллӣ иштибоҳ гирифтаанд.

Зимнан, дар тобистони соли гузашта низ ҳодисаи монанде дар назди бозори «Корвон»- и шаҳри Душанбе рух дод, ки он замон ба ҳангоми дохили мошини шахсии худ шудани як афсари вазорати умури дохилӣ дар дохили худрав таркиш ба вуқӯъ пайваст. Вале аз ин ҳама таркишҳо касе зарари ҷисмонӣ надидааст.
XS
SM
MD
LG