Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 24-уми март, панҷумин солгарди инқилоби лолаӣ дар Қирғизистон мебошад. Вале ба далели қурултойи ваҳдат, ҳукумат аз баргузории тантанаҳои идона худдорӣ варзид.

Гӯшу ҳуши мардуми ин кишвар ба қурултойи ваҳдат ҷалб шудааст. Дар ҳоле ки қурултои ваҳдати нахустини Қирғизистон кори худро идома медиҳад, додгоҳи шаҳри Бишкек як гурӯҳ иштирокчиёни намоиши эътирозии 23-юми мартро дар вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва саркашӣ аз амри ходимони ниҳодҳои ҳуқуқ ва тартибот муттаҳам кардааст.

Ба гуфтаи Ҳуринисо Маҳадинова, ҳуқуқшинос ва ҳимоятгари гурӯҳи тазоҳургарон, додгоҳ Тухтаойим Уметалиеваро, ки худро ба мақоми президентии соли 2009 номзад пешбарӣ карда буд, огаҳ намуд, ки дар сурати такрор кардани ин амал мавриди ҷазо қарор хоҳад гирифт. Вай афзуд, панҷ нафар бидуни ҷазо озод шуданд ва аъзои боқимондаи гурӯҳи эътирозгаронро ҷарима бастанд. Ҳуринисо Маҳадинова гуфт, вале ин ҳукми додгоҳро эътирозгарон ғайриқонунӣ шумурданд.

Дар ҳоле, ки ҳукумат мухолифинро ба надоштани барномаи мушаххаси кӯмак, ҳамкорӣ накардан ва танқидҳои беасос муттаҳам мекунад, шуморе аз иштирокчии қурултой мегӯянд, ҳамватанони зиёдашон дар кишварҳои дуру наздик ба мардикорӣ машғуланд ва ба иллати ин наслҳои нави қирғиз ба бемориҳои мухталиф гирифтор шудаанд, аз ҷумла теъдоди мубталоёни бемории СПИД солона меафзояд, мӯътодони маводи мухаддир рӯ ба афзоиш овардааст, ки генофонди қирғизҳоро ба ташвиши ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст.

XS
SM
MD
LG