Пайвандҳои дастрасӣ

Содироти Ҷопон 45 дарсад боло рафтааст


Содироти фаровардаҳои Ҷопон дар моҳи феврал назар ба соли пеш 45 дарсад афзудааст, ки як аломати дигари аз чанги бӯҳрон растани ин дуввумин иқтисоди бузурги ҷаҳон арзёбӣ мешавад. Вазорати молияи Ҷопон гуфт, содироти кишвар дар моҳи гузашта наздики 57 миллиард долларро ташкил дод ва ба ин тартиб, моҳи севвум аст, ки босуръат меафзояд.
Аз ҷумла содироти мошинҳои ҷопонӣ 17 фоиз ва ба хориҷ фурӯхтани маҳсулоти электронии сохти ин кишвар 46 дарсад боло рафтааст. Содироти молҳои Ҷопон ба Амрико 50, вале ба Аврупо 20 дарсад афзоиш доштааст. Ҳамзамон воридоти Ҷопон низ қариб 30 дарсад афзуда, вале таносуби байни содирот ва воридот ба ҳадди беш аз 7 миллиард доллар мусбат будааст.
XS
SM
MD
LG