Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико “Daimler”-ро ба ришвадиҳӣ айбдор мекунад


Амрико ширкати олмонии мошинсозии “Daimler AG”-ро ба ришвадиҳӣ ба мақомоти дастикам 22 кишвар ба маблағи даҳҳо миллион доллар айбдор кард. Ин мавориди фасод аз соли 1998 то 2008 дар кишварҳое, чун Русия, Чин, Туркия, Миср, Ироқ ва Туркманистону Узбакистон иттифоқ уфтодаанд.
Бино ба хабарҳо, “Daimler” қасд дорад, ба манзури қатъи ин парвандаҳо, ки додситонии кулл ва куммиссиюни авроқи гаронбаҳо ва асъори Амрико боз кардаанд, 185 миллион доллар пардохт кунад. Associated Press мегӯяд, дар чаҳорчӯби ин муомила аз ҷумла корхонаҳои “Daimler” дар Русияву Олмон ба масъулият кашонида хоҳанд шуд. “Daimler” ба нақзи қонуни таҷрубаи фасоди хориҷии Амрико, ки ришвадиҳӣ ба мақомоти кишварҳои хориҷиро манъ мекунад, айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG