Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама бо Нетаняҳу 90 дақиқа гуфтугӯ кардааст


Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дирӯз дар Кохи Сафед бо раисиҷумҳури Амрико Барак Обама якуним соат мулоқот дошт. Ин мулоқот дар ҳоле сурат гирифт, ки барномаи Исроил ҷиҳати бунёди шаҳракҳои нави яҳудинишин дар Байтулмуқаддаси шарқӣ боиси бурузи таниш дар равобити Исроилу Амрико шудааст. Обама ва Нетаняҳу барои матбуот акси муштарак нагирифтанд ва бо хабарнигорон низ мулоқот накарданд, ки ин ҳам аломати ин танишҳо талаққӣ мешавад.
Нетаняҳу қаблан ба раҳбарони Конгресси Амрико гуфт, талаби фаластиниҳо ба қатъи комили шаҳраксозиҳои Исроил азсаргирии музокироти сулҳи Ховари Миёнаро метавонад то як соли дигар ба таъхир андозад.
XS
SM
MD
LG