Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набераи Рафсанҷониро аз боздошт раҳо карданд


Эрон набераи раиси собиқи ин ҷумҳурӣ Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷониро дар ивази пули гарав аз боздошт раҳо кард. Хабаргузории нимарасмии Форснюс аз қавли додситони Теҳрон Аббос Ҷаъфарии Давлатободӣ хабар дод, ки Ҳасан Лоҳутӣ дар баҳои гарав аз зиндон озод шудааст.
Ҳасан Лоҳутӣ рӯзи якшанбе дар фурудгоҳи Теҳрон ба муҷарради бозгашташ аз хориҷ боздошт шуда буд.
Бобои ӯ Шӯрои Хибрагон, як ниҳоди муттанаффиз дар низоми Ҷумҳурии исломиро раҳбарӣ мекунад ва як бозигари калидӣ дар саҳнаи ин низом боқӣ мемонад.
Аммо адами пуштибонии комили Рафсанҷонӣ аз оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар мавриди саркӯбии эътирозҳои пасоинтихоботӣ мояи интиқодот аз сӯи ҷонибдорони раисиҷумҳури кунунӣ Маҳмуди Аҳмадинажод шудааст.
XS
SM
MD
LG