Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори OIC аз авоқиби хуруҷи зуд аз Афғонистон


Экмолиддин Эҳсонуғлу, дабири кулли Конфаронси кишварҳои исломӣ гуфт, хуруҷи бошитоби нирӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон метавонад авоқиби сахте дар пай биорад.
Раҳбари ин бузургтарин созмони кишварҳои мусалмони ҷаҳон, ки дар Исломобод сӯҳбат мекард, афзуд, ки барномаи хуруҷи нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон бояд хеле дақиқ ҳисобшуда бошад. Ӯ ҳушдор дод, ки хуруҷи бошитоб метавонад собиқаи хуруҷи нирӯҳои Шӯравиро такрор кунад.
Амрико мехоҳад, хуруҷи нирӯҳояш аз Афғонистонро аз миёнаи соли 2011 оғоз кунад.
XS
SM
MD
LG