Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Покистон аз Амрико чархболу ҳавопаймо хостааст


Мақомоти Амрикову Покистон мегӯянд, Исломобод дар арафаи музокироти сатҳи олии ду кишвар, ки имрӯз шурӯъ мешавад, аз Вошингтон ба хотири муқобила бо ҷангиён чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин хостааст.
Вазири хориҷаи Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ дирӯз дар пайи мулоқот бо аъзои Конгресси Амрико гуфт, Покистон як барномаи хеле рӯшани пешрафт дар даст дорад.
Покистон як муттаҳиди аслии Амрико дар набард алайҳи шабакаи Ал-Қоида ва овардани субот ба Афғонистон маҳсуб мешавад. Вошингтон дар моҳи январ розӣ шуд, ба хотири тақвияти амалиёти назоратӣ ба Покистон 12 ҳавопаймои бидуни сарнишини дидбонӣ бидиҳад. Вале Исломобод акнун ҳавопаймоҳои мусаллаҳе мехоҳад, ки Амрико дар манотиқи марзии Покистон алайҳи ҷангиён истифода мебарад.
XS
SM
MD
LG