Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши муштараки Чину Русия дар мавриди Эрон


Гузоришҳои расида аз СММ мегӯянд, ки фиристодаҳои Русияву Чин талош кардаанд, давлати Эронро ба тағйири дидгоҳаш дар қиболи пешниҳоди дар хориҷ анҷом додани ғанисозии ураниуми лозим барои таъсисоти ҳастаии он кишвар мутақоид созанд. Дипломатҳои ғарбӣ дар СММ бидуни бурдани ном ба хабаргузории Ройтерс гуфтаанд, ин талошҳои муштараки дипломатии Маскаву Пекин дар авоили моҳи март иттифоқ уфтодааст. Теҳрон соли гузашта пешниҳоди СММ дар бораи дар хориҷ анҷом додани ғанисозии ураниумашро радд карда буд.
Русия ва Чин маъмулан мухолифи эъмоли таҳримот алайҳи Эронанд. Амрико ва муттаҳидинаш аммо ба эъмоли даври чорум ва сангинтари таҳримот бар зидди Теҳрон исрор меварзанд.
Ғарб ба ин гумон аст, ки Теҳрон дар пайи сохтани силоҳҳои ҳастаӣ мебошад. Аммо Эрон ин иддаоро радд мекунад ва мегӯяд, танҳо ҳадафаш тавлиди сӯхти ҳастаист.
XS
SM
MD
LG