Пайвандҳои дастрасӣ

Обама қонуни бимаи тиббиро имзо кард


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар як маросим дар ҳавлии Кохи Сафед қонуни барояш фавқулодда муҳими ислоҳоти бахши бимаи тиббиро имзо кард. Ҳазинаи ин қонун 938 миллиард доллар баровард шуда, он бояд 32 миллион амрикоии маҳрум аз бимаи тиббиро таҳти пӯшиши чунин бима қарор диҳад.
Маҷлиси намояндагони Конгресс қонуни бимаи тиббиро шоми якшанбе тасвиб кард, вале ҳамроҳ бо як силсила тағйирот, ки бояд акнун аз сӯи Сенат низ тасвиб шавад. Аммо бо имзои Обама ин қонун билофосила дар маърази иҷро қарор мегирад.
XS
SM
MD
LG