Пайвандҳои дастрасӣ

Нетаняҳу бо Обама мулоқот мекунад


Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ба хотири гуфтугӯ бо раисиҷумҳури Амрико Барак Обама роҳии Кохи Сафед шудааст. Ин мулоқот дар ҳоле сурат мегирад, ки барномаи Исроил ҷиҳати бунёди шаҳракҳои нави яҳудинишин дар Байтулмуқаддаси шарқӣ боиси бурузи таниш дар равобити Исроилу Амрико шудааст. Мақомот гуфтаанд, ки Обама ва Нетаняҳу барои матбуот акси муштарак нахоҳанд гирифт ва бо хабарнигорон низ мулоқот намекунанд, ки ин ҳам аломати танишҳои мавҷуда дар равобити ду кишвар талаққӣ мешавад.
Нетаняҳу қабл аз мулоқот бо Обама ба раҳбарони Конгресси Амрико гуфт, ба далели талаби фаластиниҳо ба қатъи комили шаҳраксозиҳои Исроил азсаргирии музокироти сулҳи Исроил бо фаластиниҳо метавонад то як соли дигар ба таъхир уфтад.
XS
SM
MD
LG