Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мамониат ба таҷлили Наврӯз дар назди зиндони Эвин


Модари як зиндонӣ дар Эрон гуфт, ба пайвандони зиндониёни сиёсӣ иҷозат надоданд, ки дар ҳошияи зиндони Эвини Теҳрон аз Наврӯз таҷлил кунанд.
Парвин Мухторӣ, модари ҳомии зиндонишудаи ҳуқуқи башар Кӯҳёр Гударзӣ ба Радиои Фардо гуфт, ӯ бо теъдоде аз пайвандони маҳбусони дигар мехостанд рӯзи 21 март дар назди зиндони Эвин гирди ҳам омада, барои наздикони дар зиндон будаашон хони Ҳафтсин биороянд. Вале нирӯҳои пулис роҳи кӯчаҳоеро, ки ба сӯи Эвин мебурд, бастанд.
Фарзанди ӯ Кӯҳёр Гударзӣ донишҷӯи Донишгоҳи Шарифи теҳрон ва узви Кумитаи ҳуқуқи башари хабарнигорони Эрон буд, ки аз 20 декабр дар зиндон ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG