Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди нави Саркисиён ба Озарбойҷон


Раисиҷумҳури Арманистон Серж Саркисиён гуфт, он қаламрави Озарбойҷон, ки таҳти назорати нирӯҳои арманӣ қарор дорад, метавонад дар ивази тазмини амният ва ҳаққи таъйини сарнавишт ба Кӯҳистони Қаробоғ ба Боку баргардонда шавад.
Саркисиён ба рӯзномаи суриёии “Ал-Ватан” гуфтааст, 7 ноҳияи озарии воқеъ дар атрофи Қаробоғ дар сурати тасвиби созишнома дар бораи мақоми ниҳоии ин вилояти умдатан арманишин ва ҷудоиталаб баргардонда хоҳанд шуд.
Қаробоғ дар авоили солҳои 90 худро аз Озарбойҷон мустақил эълон кард. Бо вуҷуди имзои оташбас дар соли 1994, Ереван ва Боку тайи 16 соли гузашта натавонистаанд як роҳи ниҳоии ҳалли масъалаи Қаробоғро пайдо кунанд.
XS
SM
MD
LG