Пайвандҳои дастрасӣ

Тағйири номи "Индиго" ва "Сомонком" ба Tcell


“Индиго-Тоҷикистон” ва “Сомонком”, ду ширкати фаъол дар бозори телефонҳои мобили Тоҷикистон дар зери боми як ширкати воҳид бо исми Tcell муттаҳид шуданд. Ширкати нав бо шиори “Боз ҳам наздиктар!” ребрендинг, ё худ тағйири ном кардааст. 60 дарсади саҳмияҳои Tcell-ро ширкати муштараки шведиву финнии TeliaSonera дар даст дорад. Масъулини ширкат мегӯянд, тайи дувуним соли раҳбарӣ ба ширкатҳои “Индиго” ва “Сомонком” 100 миллион доллар сармоягузорӣ кардаанд. Ширкати ҷадид бо ҳудуди 2 миллион корбар 34 дарсади бозори мобили Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад.
Дар маҷмӯъ, дар ин бозор 13 ширкат фаъол будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG