Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама бо Нетаняҳу пушти дарҳои баста мулоқот мекунад


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, имрӯз дар Вошингтон бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу пушти дарҳои баста музокирот хоҳад кард. Гуфта мешавад, ки онҳо мавзӯъи ба бунбаст ворид шудани раванди сулҳи Ховари Миёна баъд аз тасмими ҳукумати Исроил барои 1600 манзили нав дар Байтулмуқаддаси шарқиро баррасӣ мекунанд. Дирӯз Нетаняҳу изҳор намуд, ки Исроил ҳаққи бунёди манзил барои яҳудиҳо дар Байтулмуқаддаси шарқиро дорад, зеро ин ҷо на маҳаллаи яҳудинишин, балки як бахши қаламрави Исроил аст. Ва аммо Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, ки ҳамроҳ бо Нетаняҳу дар ин мулоқот бо созмонҳои яҳудии ИМА ширкат дошт, ин мавқеъи Исроилро - садди роҳ дар эҳёи музокироти сулҳи Ховари Миёна номид.
Фаластиниҳо Байтулмуқаддаси шарқиро пойтахти давлати ояндаи худ мехонанд ва идомаи музокироти сулҳ бо Исроилро бо лағви тасмими бунёди манзил барои яҳудиҳо дар ин шаҳр марбут мекунанд.
XS
SM
MD
LG