Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гризлов: Русия барои лағви ҳукми эъдом омода нест


Борис Гризлов, раиси Думаи давлатии Русия, дар мулоқот бо аъзои як комиссиюни Маҷмааи парлумонии Шӯрои Аврупо гуфт, ки кишвараш бар асари таҳдиди ҳамлаҳои террористӣ барои комилан аз байн бурдани ҳукми эъдом омода нест. Ҳамзамон ӯ афзуд, ки Русия бисёр ӯҳдадориҳои зимни вуруд ба Шӯрои Аврупо гирифтаи худро иҷро кардааст. Гузоришгарони Маҷмааи парлумонии Шӯрои Аврупо Андреас Гросс ва Георги Фрунда дар ҷараёни сафари серӯзаи худ ба Русия бо мансабдорон ва сиёсатмадорони рус дидору гуфтугӯ мекунанд. Ҳадафи сафари онҳо ба Маскав – арзёбии сатҳи иҷрои ӯҳдадориҳои Русия дар назди Шӯрои Аврупост.
Мораторий барои ҳукми эъдом дар Русия соли 1999 ҷорӣ шуда буд, моҳи ноябри соли гузашта Додгоҳи Қонуни асосии Русия истифодаи ҳукми эъдомро мамнӯъ эълон кард.
XS
SM
MD
LG