Пайвандҳои дастрасӣ

Ин тасмими ширкати Гугл мақомоти Чинро, ки ба сензураи матбуоту интернет одат кардаанд, асабонӣ кард.

Ҳонг Конг як минтақаи махсуси Чин аст, ки нисбат ба озодии баён сиёсати озодтареро пеша кардааст. Аз ин пас, корбарони вебсайтҳои чинӣ метавонанд, фаразан ҳар иттилоъи ҳассоси иқтисодиву иҷтимоӣ аз Чинро пайдо карда бихонанд, масалан, доир ба сарнавишти дигарандешони чинӣ ва вазъият дар Тибет.

Аммо ҳоло маълум нест, ки мақомоти Чин барои роҳ надодан ба ин, чӣ кор хоҳанд кард, ё тамоми хадамоти ҷустӯҷуии Гуглро масдуд хоҳанд кард ва ё чизи дигар. Аммо хабаргузориҳои ғарбӣ аз Чин гузориш додаанд, вебсайтҳое, ки пештар Гугл дар Чин рӯи вебсайти худ намеовард, ҳоло зоҳир мешаванд, аммо боз кардани онҳо номумкин шудааст.

Моҳи январ ширкати Гугл гуфт, ки ба вебсайташ “ҳамлаи зираконае” шудааст, ки он ҳамла аз Чин сарчашма гирифта ва ҳадафаш имейлҳои фаъолони ҳуқуқи инсон дар Чин будааст.

Ин ва ҳодисаҳои дигаре сабаб шуд, то Гугл ба сензураи натиҷаҳои ҷустӯҷӯи вебсайти худ хотима диҳад. Гугл бо нашри баёнияе гуфт, сабаби ба Ҳонг Конг кӯчиданаш ҳамин будааст ва ибрози умедворӣ кард, ки ҳукумати Чин бо эҳтироми ин қарори Гугл хадамоти ҷустуҷӯии онро масдуд нахоҳад кард.

Дар воқеъ, тасмими Гугл хашми мақомоти Чинро барангехт, ки рафтори Гуглро “комилан нодуруст” хондаанд. Чин гуфт, ки Гугл пеш аз вуруд ба бозори Чин расман ваъда дод, ки бар асоси муқаррароти кишвар фаъолият хоҳад кард, вале ҳоло аз он сарпечӣ мекунад.

Виктор Гао – академики Иттиҳодияи Миллии Пажӯҳишҳои Байналмилалии Чин ба телевизиони “Ройтер” гуфт, Гугл бо ин иқдомаш “ вазъро бадтар” мекунад.

Ӯ мегӯяд: “Интиқоли хадамоти ҷустӯҷуии чинии Гугл ба Ҳонг Конг ва рафъи тамоми абзори аз пеш насбшудаи полоиши вебсайтҳо, дар воқеъ вазъро бадтар мекунад. Ин дигар ба ҳукумати Чин вобаста аст, ки чӣ бояд кунад. Аммо ман фикр мекунам, ки ҳукумати Чин ба чунин ҳиллаи Гугл тан нахоҳад дод”.

Ин масъала метавонад, ба муносиботи Амрикову Чин латма бизанад, ки бинобар масоили дигари сиёсӣ вақтҳои ахир печида шудаанд. Бо эътирофи ин, Кин Ганг – сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин гуфт, умедвор аст, қазияи Гугл ба равобити ду кишвар таъсир нахоҳад гузошт, ба шарте, ки сиёсӣ карда нашавад.

Кин Ганг ҳамчунин гуфт, ба эътиқоди ӯ ин ҷанҷол ба обрӯи Чин дар саҳнаи байналмилалӣ осеб нахоҳад расонд: “Ба бовари ман, қазияи Гугл ба обрӯи Чин дар саҳнаи байналмилал осеб намерасонад. Ба ҷуз ин ки нафаре бихоҳад, бо истифода аз қазияи Гугл, чизи бофтае бинависад, қазияи Гугл на ба Чин, балки ба Гугл осеб хоҳад расонд”.

Чен Яфей коршиноси фанновариҳои интернетӣ аз Чин ба телевизиони “Ройтер” гуфт, агар Гугл комилан аз бозори Чин хориҷ шавад, ҳеҷ талафоте нахоҳад шуд. Ӯ гуфт: “Ҳар ширкате, ки ба Чин ворид мешавад, бояд қонунҳои Чинро риоят кунад. Гугл ақоиди худро дорад. Муборизаи Гугл ва ҳукумати Чин кори онҳост. Корбарони интернет дар Чин аз рафтани Гугл афсӯс нахоҳанд хӯрд”.

Аммо на ҳама ба ин гуфта мувофиқанд. Ҷеремӣ Колдкорн молики як вебсайти иттилоъотӣ ва реклама дар Чин мегӯяд, рафтани Гугл аз бозори Чин, маънии гузоштани веб ба ширкатҳои монанди дохилӣ ва ҳамингуна коҳиши рақобат ва навовариҳоро дорад.
XS
SM
MD
LG