Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти интизомӣ дар Бишкек як гурӯҳи мухолифон таҳти сарварии Темир Сариев, раиси ҳизби сиёсии «Ақ Шумқор» ва Тухтаойим Уметалиева, номзади собиқ ба мақоми президенти ин кишварро боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи Темир Сариев онҳо мехостанд бо баргузории як аксуламал талабҳои худро дар миён гузоранд, вале ин аксуламали онҳо ноком анҷомид.

Ба гуфтаи ӯ, ба фурӯш рафтани «Шабакаҳои барқи шимол», Ҷамъияти саҳҳомии “Қирғизтелеком” ва боз чанд иншооти стротегии кишвар комилан ғайриқонунӣ сурат гирифтааст, ки билфосила бояд ба ихтиёри давлат бозгардонида шаванд. Вай гуфт, ҳамтоёни ӯ боз мехостанд, аз президент тақозо намоянд, ки наздикони худро аз мақомҳои мухталифи ҳукуматӣ сабукдӯш кунад.

Бишкек, 23 марти соли 2010
Ин ҳодисаҳо 23 март дар пасманзари Қурултои ваҳдат ба вуқӯъ пайваст, ки бо амри президент Боқиев баргузор шуда ва ду рӯз давом мекунад.

Дар ин қурултой аз соири вилоятҳои Қирғизистон дасткам 750 вакил ширкат доранд.
Президент Қурмонбек Боқиев зимни суханронӣ мухолифони худро дар бесалоҳиятӣ муттаҳам кард. Ба гуфтаи ӯ, мухолифон ба ҷои он ки барномаҳои алтернативии худро ба ҳукумат пешниҳод кунанд, ба интиқоди яктарафа машғуланд ва дасташон аз шиорпартоиҳои “Дафъ шавад” холӣ нест.

Қурмонбек Боқиев гуфт, ки мухолифинашро ба Қурултой даъват кардааст, вале онҳо аз ширкат дар он даст кашиданд. Ӯ гуфт, агар мухолифони ӯ воқеан бихоҳанд, ки кишвар нумӯъ кунад, бояд камбудиҳои ҳукуматро холисона бигӯянд.

Президент Боқиев ҳамчунин тазаккур дод, ки дар шароити кунунӣ Қирғизистон ба мушкилот ва таҳдидхои зиёд рӯбарӯст, ки ҳаллу фасли он ширкати намояндагони қишрҳои ҷомеаи кишварашро тақозо менамояд.

Ба гуфтаи ӯ, таҳдиди раванди глобализатсия метавонад якпорчагии Қирғизистони кӯчакро зери суол қарор диҳад.

Нимаи дуюми рӯз Қурултои ваҳдати Қирғизистон дар фазои демократик гузашт ва иштирокчиёни он масъалаҳои хеле муҳимро дар миён
Бишкек, 23 марти соли 2010
гузоштанд.

Аз ҷумла, Азиза Абдурасулова, раҳбари созмони ҳуқуқи башари «Қилим шами» ё «Шамъи аср» гуфт, ки Қонун дар бораи таъсиси гирдиҳамоиҳо таҷдиди назар мехоҳад. Ба гуфтаи Азиза Абдурасулова ҳодисаи боздошти Темир Сариев ва Тухтаойим Уметалиева шаҳодат медиҳад, ки фишор болои мухолифони ҳукумат ва гуногунандешон идома дорад, зеро онҳо барои таъсиси гирдиҳамоӣ боздошт шуданд.

Вай афзуд, ки як гурӯҳ ҳомиёни ҳуқуқи башар ва журналистони кишвараш мавриди пайгард ва таъқибу тазйиқ қарор гирифтаанд.

Раҳбари «Қилим шами» гуфт, ки ба баҳонаи мубориза бо терроризм дар вилояти Ҷалолобод чанд нафари бегуноҳ кушта шуданд, ҳамчунин афроди зиёд ба иттиҳоми тундравони исломӣ паси панҷараи зиндон нишастаанд.

Ба таъкиди ӯ полиси кишвараш ҳомии ҳуқуқи башар Максим Кулешовро бемори равонӣ баровард ва Кулешов маҷбур шуд, ки Қирғизистонро тарк кунад.

Мелис Эшимхонов, собиқ раиси ширкати садову симо аз президент Боқиев дархост намуд, ки генерал Исмоил Исоқов ва маҳбусони ҳодисаҳои Иссиқкӯлро афв кунад.

Бишкек, 23 марти соли 2010
Бодош Мамирова, узви ҳизби сиёсии «Ору номус» фаъолиятҳои ниҳодҳои қудратӣ ва додрасонии кишварашро мавриди интиқоди шадид қарор дод.

Неъмат Ҷиеналиев, як сокини ноҳияи Лайлаки Ботканд гуфт, ки онҳо барқро аз Тоҷикистон мегиранд, вале дӯстони тоҷики онҳо вақту новақт нерӯи барқро хомӯш мекунанд ва мушкилоти онҳоро меафзоянд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин аз оби ду рӯдхона қирғизҳо ва сокинони вилояти Суғди Тоҷикистон манфиатдоранд. Вай афзуд, ки агар аз оби ин ду рӯдхона мавриди баҳрабардории онҳо қарор гирад, ҳазорҳо гектар замин обёрӣ хоҳад шуд ва ҳаёти сокинони Лайлак беҳбуд оҳад ёфт.

Дар ҷараёни Қурултои ваҳдат иштирокчиёни он вазъияти омӯзгорон ва пизишкони кишварашонро хеле тоқатфарсо арзёбӣ карданд. Ба гуфтаи онҳо соҳибони ин касб ба далели камии маош ба корҳои дигар рӯй овардаанд, ки дар миёни ҷавонон таъсироти манфӣ эҷод кардааст.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG