Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Британия дипломати исроилиро хориҷ мекунад


Британия як дипломати исроилиро, ки дар тақаллуби шиносномаҳои британиявӣ гумонбар мешавад, аз кишвар хориҷ мекунад. Афроде, ки дар куштори яке аз раҳбарони гурӯҳи ҲАМАС Маҳмуд Ал-Мабҳуҳ дар Дубай муттаҳам мешаванд, шиносномаҳои тақаллубии чанд кишвари аврупоӣ, аз ҷумла, Британияро доштанд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, қарор аст, ки имрӯз вазири умури хориҷаи Британия Дэвид Милибанд дар робита ба ихроҷи дипломати исроилӣ изҳорот пахш кунад.
Манобеъи дипломатӣ мегӯянд, ки Британия Исроилро расман дар куштори Маҳмуд Ал-Мабҳуҳ муттаҳам накардааст. Полиси Аморати Муттаҳидаи Араб қаблан дар ин куштор хадамоти ҷосусии Исроилро айбдор карда буд.
XS
SM
MD
LG