Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабнам: "Орзу дорам, Фарзонаро озод бубинам"


Шабнами Сурайё, сарояндаи саршиноси тоҷик, дар як гуфтугуи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ Наврӯзро барои мардуми Тоҷикистон табрик гуфт.

Шабнам дар ин сӯҳбат аз сафарҳои муваффақи соли гузаштааш ёдовар шуд ва ҳамчунин шунавандаҳои Радиои Озодиро аз барномаҳои имсолааш огоҳ кард. Аз ҷумла, ӯ гуфт, дар рӯзҳои ҷашни наврӯзӣ қарор аст, ки албоми наваш ба фурӯш барояд.

Чун Шабнамро аз орзуи наврӯзияш пурсон шудем, бо садои гирён гуфт, орзу дорад, ки хоҳари маҳбусаш Фарзонаи Хуршед ба назди падару модар баргардад ва ҳамаи оила боз сарҷамъ шаванд.

Сӯҳбати пурраи Шабнамро метавонед гӯш бидиҳед.

XS
SM
MD
LG