Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти мухолифини қирғиз дар Бишкек ва Ӯш


Имрӯз дар шаҳрҳои Бишкек ва Ӯши Қирғизистон кормандони милиса ва ҷонибдорони мухолифин вориди бархурд шуданд. Тақрибан 30 тан аз мухолифин, ки мехостанд ҳалқаи кормандони милисаро шикаста дар канори макони баргузории анҷуман ё Форуми ризоят намоиши эътирозӣ доир кунанд, боздошт шуданд. Дар ин анҷуман, ки баргузории он ибтикори раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев мебошад, беш аз 700 вакил аз аҳзоби сиёсиву созмону ҳаракатҳои қавмӣ ширкат доранд.
Дар шаҳри Ӯш намоиши мухолифин, ки раҳоии Исмоил Исҳоқов, яке аз раҳбарони зиндонишудаи оппозитсияро талаб мекарданд, ба низоъ бо кормандони милиса печид. 60 тан аз тазоҳургарон дастгир шуданд.
Анҷумани ризоят дар Қирғизистон ду рӯз идома хоҳад кард. Мухолифини қирғиз аз ширкат дар ин форум сарпечӣ карданд ва як ҳафта пеш қурултои худро доир намуданд. Дар он мухолифин аз ҳукумат талаб карданд, ки қимати хадамоти коммуналӣ коҳиш ёбад, маҳбусони сиёсӣ аз зиндон озод карда шаванд ва аз ғасби қудрат дар кишвар аз сӯи хонаводаи раисиҷумҳур ҷилавгирӣ шавад.
Рӯзи чаҳоршанбе дар Қирғизистон панҷсолагии “инқилоби лолаӣ” таҷлил мешавад, ки дар пайи он ҳукумати раисиҷумҳури пешин Аскар Оқоев суқут кард.
XS
SM
MD
LG