Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти Каёнӣ бо низомиёни воломақоми ИМА


Генерал Ашфоқ Каёнӣ, сардори ситоди артиши Покистон, дар Вошингтон бо низомиёни воломақоми амрикоӣ музокирот анҷом дод. Ба иттилоъи расмӣ, тайи ду рӯзи ахир Каёнӣ бо вазири дифоъи ИМА Роберт Гейтс, раҳбари Кумитаи муттаҳидаи сарони ситодҳои кишвар адмирал Майк Муллен ва сарвари ҳайати фармондеҳии минтақаии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико генерал Дэвид Петреус гуфтушунид кард. Дар ин музокирот масоили амниятӣ ва қабл аз ҳама – мубориза бо гурӯҳҳои ошӯбгар дар манотиқи бо Афғонистон ҳаммарзи Покистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор дошт. Вошингтон ва Исломобод эълом доштанд, ки “муколамаи стратегӣ” ба хотири таъмини амният дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро таҳким мебахшанд.
XS
SM
MD
LG