Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бишкек Форуми ризоят шурӯъ шуд


Дар Қирғизистон Анҷуман ё Форуми ризоят шурӯъ шуд, ки қарор аст ду рӯз идома кунад. Дар ин нишаст, ки баргузории он ибтикори раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев мебошад, беш аз 700 вакил аз аҳзоби сиёсӣ ва созмону ҳаракатҳои қавмӣ ширкат доранд. Субҳи рӯзи сешанбе кормандони милиса тақрибан 30 тан аз мухолифинро, ки мехостанд дар канори макони баргузории Форуми ризоят намоиши эътирозӣ доир кунанд, боздошт намуданд.
Мухолифини қирғиз аз ширкат дар Форуми ризоят сарпечӣ карданд ва як ҳафта пеш қурултои худро доир намуданд. Дар он мухолифин аз ҳукумат талаб карданд, ки қимати хадамоти коммуналӣ коҳиш ёбад, маҳбусони сиёсӣ аз зиндон озод карда шаванд ва аз ғасби қудрат дар кишвар аз сӯи хонаводаи раисиҷумҳур ҷилавгирӣ шавад.
XS
SM
MD
LG