Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Тоҷикистон аз боздошти қатораҳояш дар Узбакистон


Давлат Назриев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
Давлат Назриев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вобаста ба боздошти вагонҳои ҳомили маводи сӯхт ва таҷҳизоти фаннӣ дар қаламрави Узбакистон, сафири он кишвар дар Душанберо ба вазорат эҳзор карда, ба ӯ нота супоридааст.

Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ин нома ё ёддошт ба манзури мусоидат дар ҳалли мушкили марбут ба тавқифи вагонҳои Тоҷикистон дар Узбакистон дода шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, шурӯъ аз аввали моҳи феврал то кунун дар қаламрави Узбакистон, бахусус дар истгоҳҳои Хавос, Қаршӣ, Сариосиё, Ҷайрон ва Кудуклӣ ҳудуди 1000 вагон манъ шудаанд ва рӯз аз рӯз теъдоди ин вагонҳо меафзояд.

Усмон Қаландаров, муовини сардори ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ба Озодӣ гуфт, ки ҷониби Узбакистон мушкили манъ шудани ин вагонҳоро дар сабабҳои фаннӣ ва корҳои сохтмониву банд будани қисмати роҳ дар як минтақа дар роҳи қатори Туркманистон рабт медиҳад.

Аммо ҷаноби Қаландаров мегӯяд, ин иддаои ҷониби Узбакистон баҳонае беш нест, балки "муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Узбакистон" мебошад. Вай гуфт, бар иловаи борҳои Тоҷикистон, ки ҳомили маводи сӯхту гилхок барои Корхонаи алюминийи Тоҷикистон, ҳамчунин, бархе аз вагонҳо ҳомили маводи лозима барои нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон низ мебошанд. Дар теъдоде аз вагонҳо таҷҳизоти фаннӣ, аз ҷумла, булдозерҳо барои нерӯгоҳи Роғун низ будааст.

Масъулони ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" зарари моддӣ аз ин тавқифи вагонҳоро ҳудуди панҷ миллион доллар арзёбӣ кардаанд. Нигаронии мақомоти Тоҷикистон аз он аст, ки банд шудани вагонҳои ҳомили маводи сӯхт дар шароитест, ки киштукори баҳорӣ дар Тоҷикистон шурӯъ шудааст ва ин амр метавонад ба соҳаи кишоварзии Тоҷикистон зарари ҷиддӣ ворид кунад.

Ҷониби Узбакистон то ҳол шарҳи расмии қазияро надодааст. Аммо таҳлилгарон ин мушкилиро ба мавзӯъи баҳси Душанбе ва Тошкант сари сохтмони нерӯгоҳи Роғун рабт медиҳанд.

XS
SM
MD
LG