Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳашт куштаи як ҳамла ба мактаббачаҳо дар Чин


Дар як мактабе дар шимоли Чин як мард ҳашт мактаббачаро бо корд зада куштааст ва панҷ талабаи дигарро маҷрӯҳ кардааст.

Хабаргузориҳо менависанд, ҳодиса субҳи барвақт ба вақти маҳаллӣ ва нисфишаб ба вақти Душанбе дар вилояти Футсзян рух додааст.

Ин мард дар назди дари мактаб истода, ҳангоме, ки мактаббачаҳо ба дарс мерафтаанд, ба онҳо ҳамла кардааст. Шаш мактаббача дар ҷои ҳодиса ҷони худро аз даст додаанд, дутои дигар дар бемористон аз дунё даргузаштаанд.

Қотилро пулис боздошт кардааст. Бино бар хабарҳо, ӯ собиқ пизишки бемористони маҳаллӣ будааст, ки пас аз муайян шудани мушкилии равонияш ӯро аз кор берун карда будаанд.

Шоҳидон гуфтаанд, ин мард мехостааст, ки худкушӣ кунад, вале гуфтааст, намехоҳад, ки аз ин дунё танҳо биравад.
XS
SM
MD
LG