Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурултои қирғизҳо бо задухӯрд оғоз шуд


Мухолифи ҳукумати Боқиев дар рӯзи нахустин қурултои ин кишвар бо полис вориди даргирӣ шуданд. Дар пайи он тақрибан 30 нафар аз фаъолони эътирозҳо боздошт шуданд.

Дар Бишкек нахустин қурултой ё анҷумани ваҳдат ба кори худ оғоз намуд. Қурултои Қирғизистон, ки дар он аз 750 вакили интихобшуда 542 нафар иштирок доранд, ду рӯз давом хоҳад кард.

Ба манзури дар фазои амну субот баргузор шудани анҷуман чораҳои амниятӣ рӯидаст гирифта шудаанд. Атрофи Филармонияи миллии Қирғизистоноро ходимони умури интизомиву амниятӣ иҳота кардаанд.

Гуфта мешавад, дар миёни боздоштшудагон раиси Ҳизби сиёсии "Ак Шумкор" Темир Сариев низ мебошад. Темир Сариев қаблан эълон карда буд, ки рӯзи баргузории анҷумани ваҳдат дар назди Филармонияи миллии Қирғизистон як тазоҳуроти густарда баргузор мекунад. Аммо ин аксуламал ба нокомӣ рубару шуд.

Мухолифин мехоҳад, қурултои ваҳдат масъалаҳоеро низ баррасӣ кунад, ки онҳо дар миён гузоштаанд. Ба гуфтаи аъзои ин гурӯҳ, ба фурӯш рафтани «Шабакаҳои барқи шимол», Ҷамъияти саҳҳомии “Қирғизтелеком” ва боз чанд иншооти стротегии кишвар комилан ғайриқонунӣ сурат гирифтааст, ки ба суръати тез ба тасарруфи давлат бояд бозгардонида шавад. Дар идома онҳо аз президент мехостанд, ки наздикони худро аз мақомҳои мухталифи ҳукуматӣ сабукдӯш кунад.

Аммо президент Боқиев зимни суханронӣ дар қурултойи ваҳдат мухолифони худро дар бесалоҳиятӣ муттаҳам кард. Ба гуфтаи президент, мухолифони ӯ ба ҷои он ки барномаҳои алтернативии худро ба ҳукумат пешниҳод кунанд, ба интиқоди яктарафа машғуланд ва дасташон аз шиорпартоиҳои “Дафъ шавад” холӣ нест. Қурмонбек Боқиев гуфт, ин дар ҳолест, ки вай намояндагони мухолифинро ба қурултойи ваҳдат даъват кардааст, вале онҳо аз ширкат дар он даст кашиданд. Ба гуфтаи раҳбари давлати қирғиз, агар мухолифонаш воқеан бихоҳанд, ки кишварашон нумӯъ кунад, бояд холисона ҳукуматро интиқод кунанд.

Президент Боқиев ҳамчунин тазаккур дод, ки дар шароити кунунӣ Қирғизистон ба мушкилот ва таҳдидхои зиёд рӯбарӯст, ки ҳаллу фасли он ширкати намояндагони қишрҳои ҷомеаи кишварашро тақозо менамояд. Ба гуфтаи ӯ, таҳдиди раванди глобализатсия метавонад якпорчагии Қирғизистони кучакро зери суол қарор диҳад.

Азиза Абдурасулова, раҳбари созмони ҷамъиятии «Қилим шами» ё «Шамъи аср», гуфт, як гурӯҳ дидбонҳои ҳуқуқи башар ва журналистони кишвараш мавриди пайгард ва таъқибу тазйиқ қарор гирифтаанд. Вай афзуд, ба баҳонаи мубориза бо терроризм дар вилояти Ҷалолобод чанд нафар бегуноҳ кушта шуданд, ҳамчунин, афроди зиёд бо иттиҳоми тундравони исломӣ паси панҷараи зиндон нишастаанд. Ӯ гуфт, ҳодисаҳои моҳи марти соли гузашта дар вилояти Ӯш мисоли рушани он аст.

Ба гуфтаи Азиза Абдурасулова, кормандони умури интизомӣ ҳомии ҳуқуқи башар Максим Кулешовро бемори равонӣ бароварданд ва вай маҷбур шуд, ки Қирғизистонро тарк кунад. Ин иштирокчии қурултой гуфт, шумораи ахири нашрияи «Форум» мусодира гардид ва шаш журналисти он мавриди боздошти ходимони интизомӣ қарор гирифтанд.

Мелис Эшимхонов, аз мухолифони собиқи президент Боқиев ва собиқ раиси садову симои Қирғизистон, аз Боқиев талаб намуд, ки генерал Исмоил Исоқовро аз маҳбас озод кунад. Ба гуфтаи Эшимхонов, вай бидуни гуноҳ ба ҳашт соли ҳабс маҳкум шудааст.

Бодош Мамирова, узви ҳизби сиёсии «Ору номус», фаъолиятҳои ниҳодҳои қудратӣ ва додрасониро мавриди интиқоди шадид қарор дод. Ба гуфтаи ин хонум, Қирғизистон нерӯи барқ тавлид мекунад, аз ин лиҳоз, тасмими ҳукумат перомуни афзоиши нархи нерӯи барқро тасмими нодуруст мешуморад.
XS
SM
MD
LG