Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳой, канӣ, ин ҷо биё. Шин. Қанотҳоятро ин қадар уқоб барин паҳн накун. Ман-ку чӣ буданатро медонам. Биё, ҳарду нишаста, як мардонавор гап занем. Шиштӣ? Офарин. Нағз!

Гап байни худамон, ман ҳамагӣ як зан дораму, ҳамонро ҳам намедонам ба кӣ... фурўшам. Ту бошӣ ҳафт зан дорӣ... Офарин! Ба офарини офарину, лекин хеҷ амалат маълум не. Корат фақат хурўсчўҷаҳо барин ба хурўси ҳамсоя часпидан. Аз тоҷат фақат «Ҷ»-яш мондааст. Нисфи аввалаш канӣ?.. Хурўси ҳамсоя канд?.. Чаро ту тоҷи ўро нею, вай тоҷи туро мекандааст? Ту чӣ, хурўс нестӣ? О ту ҳам «Тоҷро мана ин тавр мекананд!» гуфта, тоҷи ўро канда, напартофтӣ? Ҳозир тоҷканӣ-ку ба расмият даромадагӣ. Ҳар кас ҳақ дорад «Демократия» гуфта, тоҷи дигареро кандан гирад...

Аз ҷик-ҷики чўҷаҳо аллакай худатонро халос карда гирифтед. Онҳоро барои нафоридани овозашон ба тамоми ҷаҳон, ба... мардикорӣ бадарға кардед ва акнун бештари онҳо дар қуттиҳо ба қишлоқамон бармегарданд... Чӣ қуд-қуд мекунӣ? Чи хел пой? Ҳой, ҳарчанд дар болои қуттиҳо «Линги Буш» навишта шуда бошад ҳам, лекин дар дарунаш тоҷу пару пўчоқи хешу табори шумост. Акнун дар қишлоқ на тоҷ мондаасту на ҷик. Соф мокиёнони курки бетоҷ. Аз ҳафт мокиёни доштаамон шаштояш аз тухм мондааст... Ту бошӣ бо хурўси ҳамсоя ба занозану тоҷканӣ машғўл. Шарм доре... О то тоҷи ҳамдигара кандана, корро тезонед, намешавад? Чӣ?! Дону хўр... Чиро дону чиро хўр? Ҳа-а, донагию хўрданӣ кам... Э бародар, агар шиками сер, қуввати... кор мешуд, ҳар кас ҳам метавонист дигаронро тухм кунонад. «Завқ агар дар дил набошад, синаҷунбонӣ чӣ суд?»... Ҳавсалаат пир шудааст, бародар. Ҳатто ба ҷеғи саҳар майл надорӣ. Вақте ки хурўси ҳамсоя ҷеғ мезанад, ту ҷои гарматро хунук накарда, танҳо бо ишораи тасдиқ сар меҷунбонӣ. Яъне ки: дуруст, дар вақташ ҷеғ задӣ. Шарм доре...

Чӣ? Аз ман ибрат мегирӣ? Аз ман чӣ ибрат мегирӣ? Ман ҳам бо азони дигарон намоз мехонам... Ҳой! Ту алифи худатро гўй. Ба одамон чӣ кор дори? Ту поятро ба пои онҳо дароз накун, вагарна ба «Линги Буш» табдил меёбӣ!

Ба шумо хурўсҳо осон: ягон кас дар ҷаҳон гуфта наметавонад, ки падари тухми аз бозор харидааш кадом хурўс аст. Он аз мурғхонаи «Лениград»-и худамон омадааст ё аз Ироншаҳру Тўронзамин... Лекин одамон...

Мегўянд, ки дар қишлоқи боло аз ҳамон «Ҷик»-ҳои рафтагӣ, кадомаш баъди чанд соли мусофирию мардикорӣ бо пои худаш ба хонааш баргаштаасту, дар рўи ҳавлиаш писарчаеро дида ба занаш гуфтааст:
- Ман ин кўдакро шинохтам. Чашму қошаш ва афту андомаш як себи дукафон барин ба Маҳмадалии ҳамсояамон монанд. Аз афташ ту бо зани Маҳмадалӣ оштӣ кардаӣ, ки кўдаки вай дар ҳавлии мо бозӣ мекунад. Ёд дорам ҳардуятон сагу пишак барин як умр ҷангӣ будед...

Ҳамин вақт писари калониаш аз остини падараш кашида:- «Дада, кадом зани Маҳмадалӣ,- ин кўдак, писари худатон, додари ман аст»- гуфтааст... Ана ёбу гир... Боз мегўянд, ки хурўс дар ҳама ҷо як хел ҷеғ мезанаду, «тоҷ»-канию «ҷик»-пешкунӣ мекунад...

Агар ҳамин вақт касе аз дар даромада: «Падари тухмҳои ҳамон як мурғи аз баҳра намондаат хурўси ман аст!» - гўён ҳамин ду тухми охирини маро аз дастам гирифта барад, ман ягон «лому-мим» гуфта метавонам?.. Наметавонам. Ту бошӣ мардҳои дузанаю сезана барин зунукат гирифтагӣ, ҳатто ба ҷеғи саҳар завқ надорӣ. Шарм доре...

Чӣ ба ман песонда нигоҳ мекунӣ? Ё мехоҳӣ, ки ба ҷои ту ман ҷеғ занам? Майлаш, шармандагӣ бошад, шармандагӣ, ман ҷеғ мезанам... Ҷеғ мезанаму баъди гўшти туро хўрдан. Бо шиками сер. Бинобар ин, қадаматро дониста мону, қанотҳоятро паҳн карда, аз худат уқоб насоз.

Гап ҳамин. Аз пагоҳ сар карда, тамоми ҳафт мурғи хона аз катак бо тухм мебарояд ё ту луб-лучак ба дег медароӣ. Фаҳмо? Сўҳбати мардона тамом. Аз паи кор шав.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG