Пайвандҳои дастрасӣ

24-уми март дар варзишгоҳи марказии Душанбе мусобиқаи кушодаи шаҳрӣ оид ба гуштии миллӣ бахшида ба иди Наврӯз баргузор мешавад.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, зимни таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, сабқати паҳлавонӣ, ки рӯзи чоршанбе, соати 14:00 шурӯъ хоҳад шуд, дар ду гурӯҳ – байни гуштигирони вазнашон аз 70 кг. то 80 кг. ва паҳлавонони вазнашон беш аз 80 кг. сурат мегирад.

Оқои Мирзоев афзуд, дар рақобатҳо беҳтарин паҳлавонони кишвар, монанди Муҳаммад Абдураҳмонов ва Исроил Неъматов, ҳар ду ғолибони мусобиқаи наврӯзии соли равон дар ноҳияи Данғара, Набимуҳаммад Хоркашев, Рауф Ҳикматов, Шералӣ Бозоров, бародарон Парвиз ва Фаррух Собировҳо, Муҳаммадамин Хонов, Умед Асадбеков ва дигарон қувваозмоӣ мекунанд.

Ба гуфтаи оқои Мирзоев, ғолибони мусобиқа бо саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» ва тӯҳфаҳои ҳукумати шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мукофотонида хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG