Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба лоббизм муттаҳам шудани се вазири собиқ


Ҳизби коргарии Бритониё узвияти се вазири собиқро дар ин ҳизби ҳоким мутаваққиф кард. Тавқифи узвияти вазири собиқи дифоъ Ҷефф Ҳун, вазири пешини нақлиёт Стивен Байерс ва вазири собиқи ҳифзи сиҳҳат Патрисия Ҳюитт ба дунболи нашри филми ба таври махуф бардошташудаест, ки ин се вазири пешинро ба он муттаҳам мекунад, ки дар ивази пул аз мақоми худ ба манзури таъсиргузорӣ ба сиёсати давлат сӯъиистифода кардаанд. Дар навор як ширкати сохтаи амрикоӣ ба ин се тан дар ивази ҳимояти манофеъаш пул пешниҳод мекунад ва вузарои собиқ як рӯзи хидмати худ ба ин ширкатро аз 3 000 то 5000 фунт стерлинг нарх мегузоранд. Ин барнома замоне нашр шуд, ки ҳизби коргариро дар интихоботи моҳи май бо ҳизби муҳофизакори Бритониё рақобати шадиде дар пеш аст.
XS
SM
MD
LG