Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи мӯҳтотонаи Амрико аз мулоқоти Карзай


Амрико аз мулоқоти ахири раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай бо як ҳайъати аршади ҳизби исломии Гулбуддини Ҳикматёр мӯҳтотона истиқбол кард. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Филлип Кровлӣ гуфт, Вошингтон аз талошҳои Кобул ҷиҳати мусолиҳа бо гурӯҳҳои чирикӣ пуштибонӣ мекунад, вале ин ҷангиён бояд дар иваз ҳимоят аз чирикиҳои дигарро қатъ карда, Қонуни асосии Афғонистонро бипазиранд, роҳи хушунатро маҳкум ва равобит бо созмонҳои террористие, чун Ал-Қоидаро бас кунанд.
Хабари мулоқоти Карзай бо ҳайъати таҳти раҳбарии Қутбиддин Ҳилол, як муовини Гулбуддини Ҳикматёр дирӯз таъйид шуд. Ҳизби исломӣ то ҳол дар шарқ ва бахше аз манотиқи шимоли Афғонистон бар зидди нирӯҳои НАТО ва Урдуи давлатии Афғонистон меҷангид. Вале Кобул чанде пеш хабар дод, ки ҷангиёни ҳизби исломӣ бо толибон даргир шуда, розӣ шудаанд, то аз мақомоти давлати кунунӣ пуштибонӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG