Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Карзай бо намояндагони Ҳикматёр


Яке аз сухангӯёни раисиҷумҳури Афғонистон таъйид кард, ки Ҳомиди Карзай шахсан бо як ҳайъати аршади ҳизби исломии Гулбуддини Ҳикматёр мулоқот кардааст. Ҳомиди Илмӣ гуфт, як мавзӯъи аслии ин мулоқот музокироти сулҳ бо ҳизби исломӣ будааст.
Ба гуфтаи як мақоми давлатӣ, ҳайъати ҳизби исломиро Қутбиддин Ҳилол, як муовини Гулбуддини Ҳикматёр роҳбарӣ мекард. Ҳизби исломӣ то ҳол дар шарқ ва бахше аз манотиқи шимоли Афғонистон бар зидди нирӯҳои НАТО ва Урдуи давлатии Афғонистон меҷангид. Вале Кобул чанде пеш хабар дод, ки ҷангиёни ҳизби исломӣ бо толибон даргир шуда, розӣ шудаанд, то аз мақомоти давлати кунунӣ пуштибонӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG