Пайвандҳои дастрасӣ

Таъкиди Клинтон ба зарурати гузаштҳои Исроил


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, Исроил дар роҳи сулҳи Ховари Миёна ба “интихобҳои мушкил, вале лозим” рӯбарӯст. Хонум Клинтон дар Вошингтон, дар анҷумани Кумитаи умури ҷамъиятии Амрикову Исроил, як гурӯҳи аршади ҳомии манофеъи Исроил дар Амрико гуфт, сиёсати Исроил ҷиҳати густариши шаҳраксозиҳо дар сарзаминҳои ишғолшуда садди пешрафт шудааст. Барномаи Исроил ҷиҳати бунёди 1600 манзил дар Байтулмуқаддаси шарқӣ равобиташ бо Амрикоро хадшадор кард. Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу, ки даъвати Амрико ба қатъи шаҳраксозӣ дар пиромуни Байтулмуқаддасро радд кард, феълан дар Вошингтон аст ва бояд имрӯз бо Клинтон мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG